(Гузориш аз машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд)
Дар толори бошукӯҳи Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд машварати августии кормандони соҳаи маориф бо ширкати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов аҳли маориф, иштирокчиён ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, бо ифтитоҳи машварат, таъкид намуд, ки тибқи тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии машварати имрӯза масъалаи «Зарурат ва моҳияти ташкили мониторинг, шаклҳои он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» пешниҳод карда мешавад.
Перомуни ин мавзӯъ Саидмухтор Ҷалолов андешаронӣ карда, моҳияти ташкили мониторингро бо мисолҳои мушаххас тавзеҳ дод.
Сипас дар идомаи маърӯзаи асосӣ директори МХ ба номи “Пулотов” Парвинахон Муъминова оид ба тарз ва роҳҳои гузаронидани рейтингҳо (аз таҷриба) маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд. Ҳамчунин маърӯзаҳои мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №20 Муҳаббат Нозимова ва омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникӣ Бахтиёр Қодиров шунида шуда, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.