Дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷамъбастии Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва иштирокчиёни Олимпиадаи байналмилалӣ ширкат намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар Олимпиадаи мазкур 27 дастаи олимпии наврасон бо иштироки 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.