Мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Хуҷанд ба ғайр аз рӯзҳои қабули худ, ҳар ҳафта рӯзи шанбе, дар маҳаллаҳо бо сокинон мулоқоту сӯҳбат доир менамояд.
Дар маҳаллаи «Раззоқ» ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таъмир ва азнавсозии кӯдакистонҳои № 4 ва № 7, ки дар маҳаллаи мазкур ҷойгир аст, муроҷиат намуда буданд.
Нимаи аввали санаи 17 сентябр Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии роҳбарони идораи сохтмон,маориф аз се кӯдакистонҳое,ки дар маҳаллаҳои шаҳр воқеанд дидан намуд. Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд аз шароити таълиму тарбия ҷойи хоб, сифати таълими кӯдакистони № 7 дидан намуд.
Дар ин тарбиятгоҳ 124 нафар кӯдаконро 6 нафар мураббиён таълим дода, теъдоди умумии кормандони он 21 нафарро ташкил медиҳад. Бинои мазкур 60 сол муқаддам мавриди истифода қарор гирифта, мӯҳлати зиёди истифодаи бино ва маҳдудияти имконияти он барои қонеъ намудани талаботи сокинон барои кӯдакистон мушкилӣ эҷод намудааст. Шароити хуби ғизонокӣ ва таълиму тарбия мавҷуд буда, барои тарбиятгирандагон се маротиба хӯрок аз он ҷумла ду маротиба хӯроки гарм дода мешавад.