Истироҳатгоҳи «Парвоз»-и шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзеи зебоманзари деҳаи Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шудааст. Ҳамасола дар мавсими тобистон дар ин ҷо садҳо нафар хонандагон ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд. Маросими кушодашавии истироҳатгоҳи «Парвоз» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова, мудири шуъбаи маориф Саидмухтор Ҷалолов ва намояндаи кумитаи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Ҳотам Рауфов баргузор гардид.