Санаи 7 июли соли равон бо иштироки ҷонишини мудири шуъбаи маориф Аслонов Акрам Ҳомидович ва раиси иттифоқи касабаи кормандони шуъбаи маорифи ш.Хуҷанд – Абдураҳмон Қаҳоров тантанаи кушодашавии басти дуюми истироҳатгоҳи «Парвоз» баргузор гашт. Чорабинии мазкур бо хондани Суруди миллӣ, барафрохтаи парчам оғоз гардид. Баъдан бо сухани ифтитоҳӣ Аслонов А. истироҳаткунандагонро табрик намуда, ба онҳо истироҳати бофароғатро таманно намуд.