Бо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилияти фикрӣ, зеҳнӣ, тарбияи зебопарастӣ ва хештаншиносӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб озмуни «Донояк» дар кӯдакистони №14 бо ширкати ғолибони давраи аввал гузаронида шуд. Озмун аз рӯи шартҳои: саломнома ва қироати шеър, расмкашӣ бо ранги обӣ, мӯқалам, саволу ҷавоб ба тариқи тестӣ, рақс дар оҳанги миллии кӯдакона баргузор гардид.