Ҳамасола қабл аз оғози соли хониш дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷиҳози хониш, либос ва дигар воситаҳои таълими мактабиён баргузор мегардад.
Шурӯъ аз имрӯз дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ашёи хониш ва либоси мактабӣ оғоз ёфт. Дар расми кушодашавии он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва баромад намуд.