Дар толори маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мураббии сол» доир гардид.
Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд зимни ифтитоҳи озмун аз дастгириву ғамхориҳои давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мактабу маориф ёдовар шуда, афзуд, ки баргузории чунин озмунҳо малакаи корбарии мураббиёнро боло бардошта, онҳоро ба эҷодкориву тозаҷӯиҳо раҳнамун мекунад.