Бо мақсади амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи томактабӣ барои солҳои 2012-2016», бо назардошти Консепсияи миллии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ ва тарбия намудани ҳисси зебопарастӣ дар мураббиён бахшида ба Соли 2016 – соли Фарди солим ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии озмуни шаҳрии «Ман касбамро дўст медорам» дар мактаб интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.

Озмуни шаҳри «Ман касбамро дўст медорам» дар се давр:

Муфассал...


Бо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилиёти фикрӣ, ақлӣ, тарбияи зебоипарастӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, маҳорати эҷодӣ, инкишоф додани кори ташфиқоту тарғиботӣ оиди бехатарӣ аз сӯхтор ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб дар кӯдакистони №9 озмуни шаҳрии «Калидчаи заррин» баргузор гардид.

Озмун аз рӯи шартҳои зерин: саломномаи дастаҳо, эстафета байни дастаҳо – «Ки сӯхторро тезтар хомӯш мекунад?», саҳнача дар мавзӯи «Оташ дӯст ва душмани инсон», саволу ҷавоб тавассути тестҳо ва суруди умумӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор  гузаронида шуд. Дар озмун 48 нафар тарбиятгирандагон аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии №31,9,18 ва 33 бо номи дастаҳои «01», «Сипар», «Далерон» ва «Ҷасур» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Муфассал...


Барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз рӯи низоми таълими салоҳиятнок дар мактаби №2 марҳилаи якуми омӯзиш баргузор гардид. Низоми таълими салоҳиятнок дар ҳафт марҳила гузаронида шуда, то 28-уми августи соли равон идома меёбад. Баргузории дарсҳои омӯзишӣ дар вақти таътили тобистона дар муассисаҳои таълимии №2, 6, 2 ба нақша гирифта шудааст. Дар марҳилаи аввал 110 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз ин курсҳо гузашта, соҳиби сертификати Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Басо ба маврид аст, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгоронро тавассути курсҳои такмили ихтисос бо татбиқи низоми нави таълим шинос гаштанд.

Муфассал...

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:283
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:459
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1474
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2142
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6253
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8228
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4693296