Имрӯзҳо тамоми сокинони кишвар барои сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш намуда истодаанд.
Санаи 20.02.2016. бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ярмаркаи намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ташкил карда шуд. Ин иқдоми Раиси шаҳрро тамоми маорифчиёни Хуҷандшаҳр бо хубӣ пазируфтанд.
Тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр аз ин ярмарка ниҳолҳо ва гулҳои гуногунро харидорӣ намуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ саҳми худро гузоштанд. Аз ҷумла, дар гирду атрофи муассисаҳои таълимии №19,23,26 дарахтҳои санавбар, гули лола, гули садбарг ва ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд.