Як гуруҳ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд аз мактабҳои №7, 14, 8, 10 ба қисми ҳарбии №03377 ташриф оварда, ба тарзи ҳаёти сарбозӣ шинос гаштанд. Ин мулоқот тибқи нақша-чорабинии комиссириати ҳарбии шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Ҷавонписарони мактабҳо аз ҷойи хоби сарбозон, ошхона, китобхона, варзишгоҳи қисми ҳарбӣ дидан карда, бо афсарону сарбозон ҳамсуҳбат гашта, ба саволҳи хеш посух гирифтанд.