Дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №197 аз 4-уми апрели соли 2016 ҳамасола дар муассисаҳои таълимӣ, литсею гимназияҳо ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ тибқи ҷадвали махсус Рӯзи мудофиаи гражданӣ гузаронида мешавад. Ба мақсади омода намудани аҳолӣ дар вақти сар задании ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенидошта ва баланд бардоштани ҳиссиёти ватандӯстии ҷавонону наврасон дар МТМУ №31 Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ гузаронида шуд.