Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №24 иттиҳодияи методии омӯзгорони забони русӣ бо иштироки 27 нафар омӯзгорони фанни забони русии ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар толори мусиқии ширхоргоҳ-кӯдакистон тарбиятгирандагони гуруҳи омодагӣ ба мактаб таҳти суруди шух ворид гардиданд. Сипас ба кӯдакон суҳбат дар бораи шаҳри Хуҷанд, ҷойҳои таърихии шаҳр, дарёи Сир, осорхона, театри Камоли Хуҷандӣ, муҷассамаҳои шаҳр гузаронида шуд. Тарбиятгирандагон таҳти мусиқии зинда васфи Хуҷанд, Тоҷикистон ва модар шеърҳо қироат карданд. Омӯзгори фанни забони русии ширхоргоҳ-кӯдакистони №24 Светлана Набиева бо гузаронидани машщулият ба кӯдакон дар бораи фаслҳои сол, ҳодисаҳои табиат ва табиати нотакрори диёр маълумот дод.

Муфассал...


Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатии и.в.Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо сокинои маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов дар мактаб-интернати ёрирасон доир гашт. Дар он Гулбаҳор Махкамова, З.М.Зоидов ва М.Т.Солиев вакилони Маҷлисҳои шаҳриву вилоятӣ ва Арабшо Солизода прокурори шаҳри Хуҷанд, мудирони шӯъбаҳои мақомоти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат дошнд.
Ҳадафи бо шумо мулоқот намудан,- суҳбатро оғоз намуд, Раиси шаҳр,- фаҳмонидан ва дастрас намудани Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Ҳамагон хуб воқиф ҳастед, ки сол аз сол сатҳи зиндагии сокинони кишвар хубтару беҳтар гардида истоаст ва стратегияи миллии расидан ба ҳадафҳои олӣ - зиндагии шоистаи мардум, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва буҳрони энергетикӣ, расидан ба амнияти озукавори, чун барномаи ин ҳадафи муҳим арзёбӣ мегардад.

Муфассал...


Дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи маориф баргузор гардид, ки дар он чаҳор масъала: ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи шуъбаи маориф ва ҳисоботи панҷсолаи директорони муассисаҳои миёнаи умумии №7,8,9 ва мудирони МТТ-и №2,3,22,24,26,29, рафти иҷрои қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар бораи тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимӣ, натиҷаи атестатсияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №20,21,3, рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи якуми Шӯро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов маърӯза карда, фаъолияти шуъбаи маорифро дар семоҳаи аввал таҳлил намуд. Дар баробари дастовардҳо мавсуф аз камбудиҳо ёдовар гашта, барои ислоҳи саривақтии онҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод. Сипас директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони муассисаҳои томактабии дар боло зикршуда, зимни ҳисобот аз фаъолияти панҷсолаи худ натиҷагирӣ карданд.

Муфассал...

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:129
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:369
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2095
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2142
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6874
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8228
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4693917

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ