Барои кулли мураббиёну тарбиятгирандагони кӯдакистони рақами 16 и шаҳри Хуҷанд имрӯз рӯзи фаромӯшнашуданӣ буд.
Зеро бо буридани лентаи рамзӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раисии шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба фаъолияти ин кӯдакистон дар бинои наву замонавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Ҳангоми шиносоӣ маълумот дода шуд, ки сохтмони кӯдакистон моҳи январи соли равон оғоз ёфта, он аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бинои мазкур бо харҷи 4,2 млн сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд ёфта, корҳои сохтмониро ширкати ҶДММ Муҳандис ба сомон расонидааст. Кӯдакистон аз якчанд утоқҳои корӣ, 5 гурӯҳ, як толори барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, барои 180 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Тавре аён гардид, дар ин бино барои таълиму тарбия ва истироҳату фароғати кӯдакон беҳтарин шароит фароҳам оварда шуда, ҳар як гурӯҳ дорои утоқҳои алоҳидаи машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, ҳуҷраҳои шустушӯй ва ғайра мебошад. Инчунин якчанд машғулиятҳо аз қабили омӯхтани забонҳои хориҷӣ, рақс, навозандагӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.