Дар толори маҷлисгоҳи Донишкада бо иштироки ҳайати васеи профессорон, устодон, донишҷӯён ва кормандони муассиса бахшида ба таҷлили 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Конфронсро директори Донишкада, доктори илми иқтисод, профессор Иномҷон Аминов ифтитоҳ карда, оид ба аҳамият, ҷабҳаҳои омӯзиш ва ҳифзу гиромидошти Ваҳдати миллии тоҷикон, ки санаи 27-уми июни соли 1997 бо ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омадааст, ибрози андеша намуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Каримов М. табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файзро ба аҳли Донишкада иброз намуд.