Дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд Шӯрои ҷамъбастии шуъбаи маориф баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳисоботи фаъолияти шуъбаи маориф барои соли 2015 ва вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ дар нимсолаи аввали соли 2016, ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10, 12, 26, муассисаҳои таҳсилоти томактабии №20, 29, аттестатсияи муассисаи таҳсилоти томактабии №13, рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов Шӯрои шуъбаи маорифро ифтитоҳ намуда, меҳмонон: сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих Осим Каримзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфт.


Даври ҷамъбастии озмуни “Омӯзгори сол” бо ширкати 6 нафар ғолибони даври аввали вилоятӣ - Хусрав Усмонов, омӯзгори МТМУ №90-и шаҳри Панҷакент, Нилуфар Ахмедҷонова, омӯзгори гимназияи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, Зебо Аминова, омӯзгори литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Муяссар Қориева, омӯзгори МТМУ№54-и ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, Заррина Баротова, омӯзгори литсейи №1-и шаҳри Конибодом ва Парвиз Дониёров, омӯзгори МТМУ№15-и ноҳияи Зафаробод дар мактаби болаёқати деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доири беҳтар намудани шароити муассисаҳои томактабӣ ва фароҳам овардани шароити ҳамаҷонибаи онҳо дар шаҳри Хуҷанд чораю тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

















