Тибқи иҷрои нақша ва фармоиши шуъбаи маориф бо мақсади татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011, № 457 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 – 2016 », бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди қобилияти фикрию ақлонӣ, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, хештаншиносӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ, парваридани ахлоқӣ ҳамидаи инсонӣ бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли фарди солим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии томактабӣ даври якуми озмуни «Донояк» гузаронида шуд.


Директори гимназияи №4 Зулфия Ашӯрова барои баргузории мулоқоти кушоду судманд ба меҳмонон изҳори сипосмандӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ин чорабинӣ барои тарбияи насли наврас дар боло бурдани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии хонандагони ин боргоҳи илм замина мегузорад.Дар вохӯри филми мустанад бо номи “Пушаймони дар Сурия” намоиш дода шуд. Дар филми номбурда зиндагии талх ва пушаймонии ҷавонону занони гумроҳгардида намоиш дода шуд, ки ҳозирон аз навори тамошокардаи худ мутассир шуданд.
Муассисаи давлатии Маркази тенологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи ш. Душанбе аз 11 то 14 апрели соли ҷорӣ “Ҳафтаи технологияи, инноватсия ва ихтирокории наврасону ҷавонон”-ро ташкил ва баргузор намунд.
















