Мувофиқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд № 366 аз 16 июли соли равон Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид.

Муҳайё Акмалхӯҷаева 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро бо ихтисоси муаллимаи фанни математика, информатика ва техникаи ҳисоббарор хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ҳамчун омӯзгори фанни математика ва информатика дар МТМУ №16 оғоз намуда, аз 1 сентябри соли 1997 ба тариқи гузариш дар гимназияи №3 фаъолияташро идома мебахшад.

Аз октябри соли 2008 то январи соли 2009 дар вазифаи директори гимназияи №3 фаъолият мебарад. Сипас фаъолияташро дар муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии «Паймони азизон» идома дода, аз моҳи октябри соли 2009 то моҳи июли соли 2018 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дошт.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Хуҷанд


Бо ташаббуси Раесати андози вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд байни толибилмони шаҳри Хуҷанд озмуни вилояти "Расми беҳтарин" "Иншои беҳтарин" ва Шеъри беҳтарин" дар мавзуи АНДОЗ БАКОИ ДАВЛАТ эълон гардида буд.
Санаи 23.09.17 дар толори ГИМНАЗИЯИ № 24 даври шаҳрии озмуни бо иштироки Роҳбари нозироти андози шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи маориф ҷамъбаст карда шуда беҳтаринхо бо диплом ва тухфахои Нозироти андози шаҳр кадрдони карда шуда, барои иштирок ба

Муфассал...


Муаррифии асарҳои эҷодкоронрони пойтахт дар Арт-галерияи «Сомониён».

Субҳи рузи гузашта дар расмикушоди намоиши асарҳои рассомон, меъморон ва дизайнерони шаҳри Душанбе бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва Рӯзи шаҳри Хуҷанд, ки дар Арт-галерияи «Сомониён» баргузор гардид, хонандагони муассисахои таълимии шаҳри Хуҷанд

Муфассал...

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:253
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5245
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10574
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:37012
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:101247
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:157985
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3293985

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ