Бо мақсади амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи томактабӣ барои солҳои 2012-2016», бо назардошти Консепсияи миллии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ ва тарбия намудани ҳисси зебопарастӣ дар мураббиён бахшида ба Соли 2016 – соли Фарди солим ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии озмуни шаҳрии «Ман касбамро дўст медорам» дар мактаб интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.
Озмуни шаҳри «Ман касбамро дўст медорам» дар се давр:


Бо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилиёти фикрӣ, ақлӣ, тарбияи зебоипарастӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, маҳорати эҷодӣ, инкишоф додани кори ташфиқоту тарғиботӣ оиди бехатарӣ аз сӯхтор ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб дар кӯдакистони №9 озмуни шаҳрии «Калидчаи заррин» баргузор гардид.

















