Бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо ширкати омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд конфронси илмию адабӣ дар мавзӯи «Истиқлолият ва Ваҳдат - омили асосии бақои миллат ва пойдории давлат» баргузор гардид. Дар оғози конфронс мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯзахон Ишонова табрикоти Раиси шаҳри Хуҷандро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллии тоҷикон ба самъи ҳозирин расонд.
Сипас маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмии омӯзгорони фанни таърих М. Шодиева ва Ш. Саидиброҳимова дар мавзӯи «Ваҳдат – кафолати ҳастии миллат» ва «Миллат ар гӯям, асосаш ваҳдат аст…» шунида шуданд.



Солҳои охир толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Пирӯзӣ дар озмунҳои фикрии хонандагон нишони он аст, ки сатҳи таълиму тарбия сол то сол боло меравад. Санаҳои 23-25-уми апрели соли 2016 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Руссия Олимпиадаи кушоди минтақавии «Золотая середина» бо иштироки муҳассилини муассисаҳои таълимии давлатҳои ИДМ баргузор гардид.

















