Бахшида ба Рӯзи муаллимон дар Маркази фарҳанг ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Қабл аз шурӯи маҷлиси идона Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов аз намоиши китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва адабиётҳои иловагии таълимӣ омӯзгорон ва корҳои илмии муҳассилини макотиби шаҳр дидан намуданд. Ҳамчунин дар даромадгоҳи маҷлисгоҳ дастаи навозандагони созҳои миллии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бароииштирокдорони чорабинӣ навзишҳои гуногунро иҷро менамуданд.
Ҳамоишро сардори идораи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов ифтитоҳ намуда, суханро ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дод. Раҷаббой Аҳмадзода саҳми арзандаи омӯзгорони шаҳрро дар ҳаёти ҳамарӯза ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас қайд намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд низ омӯзгорон ба рисолати хеш содиқ хоҳанд монд.


Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Бо мақсади татбиқи барномаи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол гардонидани кори маҳфилҳои таҳсилоти умумӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар сатҳи омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон дар МТМУ№10 озмуни шаҳрии «Тирамоҳи зарин» баргузор гардид.
Озмун аз рӯи се шарт: ташкили намоишгоҳ аз маводҳои табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти «Нозирони сабз», албомҳо, суратҳои ранга, истифодаи маводи видеоӣ ва кабудизоркунӣ ва муҳофизати муҳити зист, саволу ҷавоб аз фанҳои табиатшиносӣ, ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд. Натиҷаи озмун нишон дод, ки шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳр бо омодагии ҳаматарафа ширкат варзида, беҳтарин корҳои хешро пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд.
Аз рӯи шарти ташкили намоишгоҳ мақоми аввал насиби МТМУ №22 гардид. Ҷойи дуввумро мактабҳои №17, 26 ва 10 сазовор гардиданд. Муассисаҳои таълимии №25, 6, ДДҲБСТ ва гимназияи №1 ба мақоми саввум сазовор гаштанд.
Дар бахши саволу ҷавоб хонандаи литсейи №1 Мирҷамол Яҳёев, Шоҳида Ҳайдарова аз гимназияи №13, Фаридун Шамсиев аз М/Х «Гулчини маърифат» пирӯз гардиданд.
















