Имрӯзҳо тамоми сокинони кишвар барои сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш намуда истодаанд.

Санаи 20.02.2016. бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ярмаркаи намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ташкил карда шуд. Ин иқдоми Раиси шаҳрро тамоми маорифчиёни Хуҷандшаҳр бо хубӣ пазируфтанд.

Тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр аз ин ярмарка ниҳолҳо ва гулҳои гуногунро харидорӣ намуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ саҳми худро гузоштанд. Аз ҷумла, дар гирду атрофи муассисаҳои таълимии №19,23,26 дарахтҳои санавбар, гули лола, гули садбарг ва ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд.


Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №38 шаҳри Хуҷанд тибқи иҷрои нақшаи шуъбаи маориф иттиҳодияи методии навбатии мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид. Дар иттиҳодияи методӣ Сардори дафтари матбуот, нозири калони гурӯҳи ташвиқот ва тарғиботи шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, майёри милитсия Фахриддин Аваззод ва Диловар Ализода, мушовирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд: Мухамедова Р.К, Абдуллоева Н.С, Нозимова М.Б. ва 30 нафар мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иштирок намуданд.

 

Муфассал...


Санаи 17 феврали соли 2016 дар МТМУ №2 мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гулбаҳор Турсунова, директори Маркази исломшиносии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши САҲШ–и вилояти Суғд Ҳошимова М. ва ҷонишини Раиси шаҳри Хуҷанд Бурҳонзода Умедахон Муродӣ оиди тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати вориди тағиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Муфассал...

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:442
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1695
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5667
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605472

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ