Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти ректорони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагон идома дорад.

Бо ширкати беш аз 600 нафархатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ мулоқот бо сарварони мактабҳои олии вилояти Суғд баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз баргузории мулоқоти сарварони муассисаҳои олии вилоятро бо хатмкунандагон шарҳ дода, таъкид кард, ки чунин вохӯриҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардиданд ва ҳар як сарвари донишгоҳҳо дастовардҳои таълимию илмӣ ва методии устодону донишҷӯёнро дар бахшҳои гуногун тавсиф карданд.

Муфассал...


Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №12 шаҳри Хуҷанд ҷаласаи иттиҳодияи методии мураббиёни гуруҳи миёна баргузор гардид. Дар он 37 нафар мураббиёни гуруҳи миёна аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Сараввал мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони №12 Алиева Назира, ки маълумоти олӣ ва собиқаи кории 11-сола дорад, машғулияти намунавӣ аз шиносоӣ бо муҳит дар мавзӯи «Шиносоӣ бо харгӯш» нишон дод.

Муфассал...


Дар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд даври минтақавии вилоятии озмуни ҳарбию варзишии “Сипар” ҷамъбаст гардид. Дастаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ дар озмун аз рӯи 11 намуд мусобиқаҳои варзишӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Хайати ҳакамон озмунро воқеъбинона ҷамъбаст намуданд. Аз рӯи натиҷаҳо ҷойи аввал насиби шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуввум ноҳияи Мастчоҳ ва мақоми сеюмро дастаҳои ноҳияҳои Ашт ва Ҷаббор Расулов сазовор гардиданд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ифтихорнома супорида шуд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:439
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:294
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1133
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7430
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4607235

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ