Барои кулли мураббиёну тарбиятгирандагони кӯдакистони рақами 16 и шаҳри Хуҷанд имрӯз рӯзи фаромӯшнашуданӣ буд.
Зеро бо буридани лентаи рамзӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раисии шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба фаъолияти ин кӯдакистон дар бинои наву замонавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Ҳангоми шиносоӣ маълумот дода шуд, ки сохтмони кӯдакистон моҳи январи соли равон оғоз ёфта, он аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бинои мазкур бо харҷи 4,2 млн сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд ёфта, корҳои сохтмониро ширкати ҶДММ Муҳандис ба сомон расонидааст. Кӯдакистон аз якчанд утоқҳои корӣ, 5 гурӯҳ, як толори барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, барои 180 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Тавре аён гардид, дар ин бино барои таълиму тарбия ва истироҳату фароғати кӯдакон беҳтарин шароит фароҳам оварда шуда, ҳар як гурӯҳ дорои утоқҳои алоҳидаи машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, ҳуҷраҳои шустушӯй ва ғайра мебошад. Инчунин якчанд машғулиятҳо аз қабили омӯхтани забонҳои хориҷӣ, рақс, навозандагӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.


Дар машварати августии кормандони маорифи шаҳри Хуҷанд, ки дар толори маҷлисҳои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ сурат гирифт, Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, муовини ӯ Умеда Муродӣ ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иштирок намуданд.
Дар муассисаи таълимии гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии адабӣ-мусиқӣ бошукӯҳ баргузор гардид. Дар он хонандагони синфҳои 6-ум, 10-уми гимназияи мазкур бо барномаи ҷолиби адабӣ –фарҳангӣ баромад намуда, доири дастовардҳои даврони истиқлолият маълумот доданд. Ба ҳозирон ҳунарнамоии духтаракони синфҳои 10-ум бо иҷрои суруди “Баҳри сулҳу ваҳдат”-писанд гардид, ки он хеле ҷозибу гуворо иҷро карда шуд. Хонандагони синфи шашуми гимназия бошад барномаи худро “Зи бедорӣ аз ин хоби гароно шукрона бояд кард” унвон дода бо маҳорати хоса иҷро намуданд.

















