Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи политехники Донишкадаи техники Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ машварати августии омӯзгорон барпо гардид.
Дар кори он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ширкат намуданд.
Нахуст мудири шуъбаи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов сухан карда, аз бурду бохти соҳаи маорифи шаҳр маълумот дод. Баъдан, Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба сухан баромада, тамоми омӯзгорони мактабҳои миёна ва мураббияҳои кӯдакистонҳоро бо соли нави хониш табрик гуфт. Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соҳаи маориф ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Зеро, омӯзгор ба рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита гузошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад.

Муфассал...


Дар мавзеи зебоманзари лагери «Парвоз» барои истироҳату фароғати  хонандагони болаёқату соҳибистеъдоди шаҳри Хуҷанд басти дуввум оғоз гардид.

Маҳз тибқи нақшаи Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд беҳтарин хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимӣ - ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, ғолибони озмунҳои «Академияи хурди илмҳо»,  «Техникони наврас» ва хонандагони болаёқату соҳибистеъдод, ки теъдодашон 141 нафарро ташкил медиҳад, дар ин баст ба таътилу фароғат ҷалб карда шуданд.

Муфассал...


Барои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд мавсими таътил фаро расид.
Барои хубу хотирмон гузаштани мавсими таътили мактабиён дар истроҳатгоҳи «Парвоз»-и идораи маорифи шаҳри Хуҷанд қабул барои басти якуми кӯдакону наврасон шурӯъ гардид. Дар ин баст 174 нафар кӯдакону наврасони ятим, нимятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманд   истроҳат хоҳанд кард.
Дар расми кушоди мавсими таътили хонандагон дар истроҳатгоҳи «Парвоз» муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ иштирок намуда таманниёти неки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзодаро ба тамоми хонандагон ва ҳайати омӯзгорону мураббиён расонд. Дар назди ҳозирон истироҳаткунандагон бо барномаи рангини адабӣ-мусиқӣ баромад намуданд.

Муфассал...

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:54
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:432
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:803
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2919
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2974
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:10065
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4612844

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ