Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд.
Марказ муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади рушди истеъдод, таъмин намудани хоҳиш ва майлу завқ ба донишандӯзӣ, соҳаҳои фарҳанг, варзиш ва касбомӯзии хонандагону ҷавонон ташкил карда шудааст.


Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» аз аввали моҳи апрели соли 2015 тибқи иҷроиши нақшаи тасдиқгардидаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳр аз рӯи 10 номгӯи фанҳои таълимӣ 20 маҳфили якҷояи таълимии ҳудудӣ ва озмун-викторинаҳоро баргузор намуд. Ҳадаф аз баргузории ин маҳфилҳо пеш аз ҳама дарёфти хонандагони болаёқату соҳибситеъдод мебошад ва вобаста ба мавзуи маҳфилҳо озмунҳо ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо муайян гардиданд.
Олимпиадаи синфҳои ибтидоӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 баргузор гардид.















