Бо мақсади иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 04 ноябри соли 2014, №644 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015 - 2020»» баҳри фаъол гардонидани маҳфилҳо ва ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ ҷадвали ягонаи шаҳрӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз 1 апрели соли 2015 ба тавсиб расонида шудааст.


Ҷиҳати ҷалби бештари толибилмон ба хондани китоб ва ташфиқу тарғиби он ҳамчун манбаи дониш, калиди маърифат, ташаккули эҳсоси китобдӯстӣ ва густариш додани маънавиёти хонандагон озмуни шаҳрии «Беҳтарин хонандаи китобхон» бахшида ба Соли оила, соли рушди фарҳанг ва гулҳо баргузор гардид. Озмун дар ду давр гузаронида шуда, ғолибон муайян ва қадрдонӣ карда шуданд.
Дар даври аввали озмун 37 нафар хонандагоне, ки дар даври мактабӣ ғолиб гашта буданд, ширкат варзиданд. Ба даври дуюми ҷамъбастӣ 16 нафар роҳхат гирифта, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар озмун хонандагоне иштирок доштанд, ки ба китобу китобхонӣ майлу рағбати зиёде дошта, аз 20 то 150 адад китобҳои бадеӣ қироат кардаанд.
















