Бахшида ба 24 – умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва ба як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

Дар маҷлис Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳли адаб, собиқадорон ва занону ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ мардуми вилояти Суғдро аз номи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба мардуми вилояти Суғд сарбаландиву саодати рӯзгорро таманно намуд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ низ дар навбати худ кулли сокинони вилоятро бахшида ба иди Истиқлолият табрик гуфта, барои сокинон хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Дар фароварди ҷамъомад ба як қатор хизматчиёни давлатӣ ва пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд. Аз ҷумла 12 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 1 нафар бо медали «Шафқат» ва 4 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.

Боиси ифтихор ва сарбаландии аҳли маориф аст, ки мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов дар ин рӯз барои хидматҳои арзанда ва рушди соҳаи маориф бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид.

Ҳамчунин, директори гимназияи №4 Зулфия Ашӯрова дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонда шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, устодони арҷмандро аз номи аҳли маорифи шаҳр самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоем.


«Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва ощози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт».

Эмомалӣ Раҳмон

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи ҷашни пуршукӯҳу фаромӯшношуданӣ ва таърихӣ қарор доранд. 9-уми сентябри соли 2015 дар саросари кишвар Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Воқеан, истиқлолияти давлатӣ барои миллати ин сарзамини бостонӣ беҳтарин ганҷ ва сарвати бебаҳост. Инак, 24 сол мешавад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз ҷониби кулли кишварҳои дунё эътироф гардида, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо соири кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, мардуми диёр барои боз ҳам ободу зебо гардидани ватани аҷдодии хеш меҳнати созандаро пешаи худ кардааст. Таъмини сулҳу салоҳи саросарии кишвар ва ваҳдату ягонагӣ боиси эҷоди заминаи боэътимоди рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардидааст.

Муфассал...


Баробари дигар муассисахои таълимӣ дар мактаб-гимназияи № 1 маркази вилоят садои занги аввал аз оғози соли нави хониш дарак дод.
Дар чорабинии мутантани ин таълимгоҳ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Баъди қисмати ифтитоҳи дар назди ҳозирин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо суханони табрикӣ баромад намуда, тамоми иштирокдорон, хонандагон, омӯзгорон ва волидайни муҳассилин бо Рӯзи дониш табрик намуд.
«Таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди маориф ва пайваста боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия  ҳамешагӣ аст. Зиёд гаштани теъдоди таълимгоҳҳо, дастгирии доимии иҷтимоии омӯзгорон таҳкимбахши ин сиёсати сарвари давлат аст. Ҳамчунин бо иқдому дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баробари таълим роҳандозии касбомӯзии наврасон, барои ба воя расидани насли бо маърифату соҳибҳунар заминаи устувор мегузорад. Ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхорӣ хонандагону муаллимонро зарур аст, ки бо ғайрати бештар донишу маърифат омӯхта, чун фарзандони созовори диёри хеш ба камол расанд. Имрӯз ҷавонону наврасон бояд ҳеҷ гоҳ фирефтаю гумроҳи ҳар гуна шахсони бадхоҳ нашуда, аз пайравӣ намудану гаравидан ба гурӯҳҳои террористӣ худдорӣ намоянд.Ин ватани худро мо якҷоя танҳо бо андешаҳои созандаю бунёдкорона обод намуданамон мумкин асту халос»-, зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Лозим ба қайд аст, ки дар ин рӯзи оғози соли хониш ин мактаб-гимназия соҳиби тӯҳфаи созовор шуд.

Муфассал...

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:39
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:432
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:788
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2919
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2959
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:10065
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4612829

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ