
Кароматулло Аҳроров, хонандаи синфи 10-и гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Ҳусейн Очилов, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ва Гулчеҳра Ҳамидова омӯзгори фанни забони англисӣ, гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд барномаи мобилӣ-луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия намуданд, ки барои истифодаи рўзмарра муфид ва қулаю дастрас аст.


10 ноябри соли 2022 дар толори Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина Раҳмат бо иштирокчиён ва ғолибони олимпиадаи байналмилалии “Дониш” баргузор гардид.
Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни шаҳрии иншои беҳтарин бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Маҳмудова Мухлиса (аз синфи 9а) дар мавзӯи "Истиқлол-неъмати бебаҳо" сазовори Дипломи дараҷаи 1-ум, Алимова Рухшона (аз синфи 11а) дар мавзӯи "Тоҷикистон-кишвари озоди ман" бо Дипломи дараҷаи 2 қадршиносӣ ёфтанд.

















