Бузургдошти Маликушшуаро дар Хуҷанд
Дар назди муҷассамаи Қофиласолори адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки аҳли илму адаб, хонандагону донишҷӯёни маркази вилояти Суғд Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил карда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ таҳният гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад.