Дар МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони директор оид ба корҳои таълимии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунанда баргузор гардид. Дилбар Абдуллоева, мудири кабинетҳои фаннии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд машваратро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки тадбирҳои амалие, ки аз ҷониби Ҳукумат ва Давлат дар самти фароҳам овардани шароити лозима ва таҳкими инфрасохтори соҳа андешида мешавад, аҳли маорифро муваззаф мегардонад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва донишазхудкунии хонандагон саъйю талош намуда, корҳои судбахшу муассирро анҷом диҳанд, ки муҳассилин дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию хориҷӣ мақомҳои ифтихориро ба даст оранд.