Бо мақсади тақвият бахшидани завқу шавқи хонандагон ба омӯзиши илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникии онҳо тибқи иҷроиши фармоиши шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Техникони наврас» гузаронида шуд. Дар ин озмун аз 15 муассисаҳои таълимии шаҳр 201 нафар хонандагон ширкат варзида, корҳои амалию эҷодии хешро пешниҳод намуданд.

Натиҷаи иштироки фаъолонаи роҳбарони маҳфилҳои техникии гимназияҳои №1,4,13,24, мактабҳои №5,10,14,15,19,20,22,23,26,28,31, литсейи № 1, м/х Пӯлотов, «Гулчини маърифат», «Паймони азизон», «Иршод», ЛДП буд, ки дар даври мактабӣ ва шаҳрии озмуни «Техникони наврас» корҳои амалӣ-эҷодии аъзоёни маҳфилҳои онҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Муфассал...


Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо иштироки омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик семинар-машварат баргузор гардид. Дар семинар мавзӯи «Тарзи навиштани нақли хаттӣ ва иншо аз тарафи хонандагон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Садаф Ёрмамадова бо истифода аз усули фаъоли таълим ва интерактивӣ шартҳои навиштани иншо ва нақли хаттиро ба тариқи гуруҳбандӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Муфассал...


Дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе аз санаи 10 то 12-уми декабр даври ниҳоии озмуни «Муаллими сол-2014» баргузор гардид. Дар ин озмун 5 нафар омӯзгорони фаъолу эҷодкори ҷумҳурӣ: С.Ғаффорова (шаҳри Душанбе), З.Боқиева (шаҳри Хуҷанд), М.Амирбекова (шаҳри Хоруғ), Т.Назаров (шаҳри Қурғонтеппа), М.Идиев (ноҳияи Рашт) ҳунару истеъдоди худро аз рӯи 7 шарт: муаррифии таҷрибаи корӣ, маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоби дуруст додан ба 10 савол, кор бо компютер иҷро намуданд.
Зебоҷон Боқиева аз МТМУ №28 бо ҳунару истеъдоди баланд баромад карда, бо гирифтани мақоми ифтихорӣ мушарраф гардид. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид дар вазъияти тантанавӣ ба Зебоҷон Боқиева ифтихорнома, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.   

Муҳайёхон Акмалхуҷаева,
сармутахассиси шуъбаи
маорифи шаҳри Хуҷанд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:68
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:406
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1665
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2142
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6444
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8228
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4693487

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ