Рукнитдинова Рухшонахон, хонандаи синфи 11 МТУҒ (х) «Гимназияи ба номи Ё.В.Гёте» ш. Хуҷанд, вилояти Суғд дар XI –ум Олимпиадаи байналхалқӣ доир ба фанҳои дақиқ иштирок намуд. Ӯ дар ҳамаи зинахои Олимпиада иштирок намуда, сарбаландона дар Лигаи олӣ чойи якумро аз фанни биология соҳиб шуда, ба гирифтани медали тилло мушарраф гардид. Ӯ ният дорад дар оянда баъди хатми гимназия таҳсилашро идома дода, духтури сохибкасб гардад. Маъмурияти гимназия ва омузгорону хамсабаконаш аз ин комёбии ӯ нихоят хурсанд буда, барояш фатхи нави куллахои донишро таманно доранд.

Зарипова Ш.Т., омӯзгори гимназия


Конфронси илмӣ-адабӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлдатии (хусусии) «Гимназияи ба номи Ё.В.Гёте» дар мавзӯи «Мавлавӣ – мураббии миллатҳо» бо иштироки омӯзгорону хонандагони гимназия баргузор гашт. Қисми аввали конфронсро барандагони маҳфил Дилангез ва Фирдавс бурданд, ки дар он андарзҳои Мавлавӣ: ғазалиёт, шеърҳо, достонҳо ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба тоҷикӣ аз ҷониби хонандагони синфҳои 9,10,11 қироат карда шуданд. Ҷолиби диққат буд, ки ҳангоми намоиши саҳнача аз эҷодиёти Румӣ «Достони ҳамсафарон», ки ба саҳнагузорандаи он омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус Камолова С.А. ҳозиринро як эҳсосоти маънавие пахш намуд. Сипас, тариқи магнитофон 18 байти аввали «Маснавии маънавӣ» «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад…» ва бо намоиши тасвирҳо мувофиқ ба он тариқи проектор намоиш дода шуданд.

Муфассал...


Тибқи нақшаи бахши дафтари методии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар мактаби №15 семинар - машварати омӯзгорони фанни физика баргузор гардид. Дар семинар-машварат омӯзгорони фанни физикаи муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Омӯзгори фанни физика ва математикаи мактаби №15 Бобоева З.Н. дар мавзӯи «Тарзи таҳияи саволномаи тестӣ барои санҷиши сифати дониши хонандагон» маърӯза кард. Сипас иштирокчиёни машварат дар дарси омӯзгори ҷавони фанни физика (синфи 9 А) Қурбонова Ӯғулой иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки хонандагон бо ҳама лавозимоти хониш таъмин буданд ва рафти дарс ба талаботҳои методӣ пурра мувофиқ буд.

Муфассал...

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:59
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:406
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1656
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2142
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6435
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8228
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4693478

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ