Бахшида ба Рӯзи муаллимон дар Маркази фарҳанг ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Қабл аз шурӯи маҷлиси идона Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов аз намоиши китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва адабиётҳои иловагии таълимӣ омӯзгорон ва корҳои илмии муҳассилини макотиби шаҳр дидан намуданд. Ҳамчунин дар даромадгоҳи маҷлисгоҳ дастаи навозандагони созҳои миллии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бароииштирокдорони чорабинӣ навзишҳои гуногунро иҷро менамуданд.
Ҳамоишро сардори идораи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов ифтитоҳ намуда, суханро ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дод. Раҷаббой Аҳмадзода саҳми арзандаи омӯзгорони шаҳрро дар ҳаёти ҳамарӯза ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас қайд намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд низ омӯзгорон ба рисолати хеш содиқ хоҳанд монд.