Барои кулли мураббиёну тарбиятгирандагони кӯдакистони рақами 16 и шаҳри Хуҷанд имрӯз рӯзи фаромӯшнашуданӣ буд.
Зеро бо буридани лентаи рамзӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раисии шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба фаъолияти ин кӯдакистон дар бинои наву замонавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Ҳангоми шиносоӣ маълумот дода шуд, ки сохтмони кӯдакистон моҳи январи соли равон оғоз ёфта, он аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бинои мазкур бо харҷи 4,2 млн сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд ёфта, корҳои сохтмониро ширкати ҶДММ Муҳандис ба сомон расонидааст. Кӯдакистон аз якчанд утоқҳои корӣ, 5 гурӯҳ, як толори барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, барои 180 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Тавре аён гардид, дар ин бино барои таълиму тарбия ва истироҳату фароғати кӯдакон беҳтарин шароит фароҳам оварда шуда, ҳар як гурӯҳ дорои утоқҳои алоҳидаи машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, ҳуҷраҳои шустушӯй ва ғайра мебошад. Инчунин  якчанд машғулиятҳо аз қабили омӯхтани забонҳои хориҷӣ, рақс, навозандагӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Муфассал...


Дар машварати августии кормандони маорифи шаҳри Хуҷанд, ки дар толори маҷлисҳои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ сурат гирифт, Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, муовини ӯ Умеда Муродӣ ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иштирок намуданд.
Машваратро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов ифтитоҳ карда, аз дастоварду камбудиҳои соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд сухан кард. Аз он ҷумла, қайд намуд, ки машварати августии имсола оид ба вазифа ва уҳдадориҳои кормандони соҳаи маориф дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадафи асосӣ муайян намудани самти фаъолият дар соли хониши нав аст. - Имрӯзҳо аҳли ҷомеа барои бо дастовардҳои арзанда таҷлил кардани ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳимматро мустаҳкам баста, заҳмат мекашад. Паёми имсолаи Сарвари давлат ба мақомоти олии қонунгузори мамлакат аз Паёмҳои қаблиашон аз ҳар ҷиҳат, чи аз лиҳози фарҳанги пешниҳод ва чи аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ба куллӣ тафовут дошт, - иброз намуд Илҳом Султонов, -дар он баробари дигар соҳаҳо Пешвои миллат ҷиҳати рушду инкишофи мактабу маориф фикру мулоҳизаҳои судмандро баён карда, бори дигар изҳор намуд, ки:

Муфассал...


Дар муассисаи таълимии гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд   бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабинии адабӣ-мусиқӣ  бошукӯҳ баргузор гардид. Дар он хонандагони синфҳои 6-ум, 10-уми гимназияи мазкур бо барномаи ҷолиби адабӣ –фарҳангӣ баромад намуда, доири дастовардҳои даврони истиқлолият маълумот доданд. Ба ҳозирон ҳунарнамоии духтаракони синфҳои 10-ум бо иҷрои суруди “Баҳри сулҳу ваҳдат”-писанд гардид, ки он хеле ҷозибу гуворо иҷро карда шуд. Хонандагони синфи шашуми гимназия бошад барномаи худро “Зи бедорӣ аз ин хоби гароно шукрона бояд кард” унвон дода бо маҳорати хоса иҷро намуданд.
Ҳамчунин бо кӯмаки муаллимони худ муҳассилини синфҳои 9, 10 саҳифаҳои таърихномаи кишварро дар намоишномаи адабии худ пешкаши ҳозирон гардонанданд, ки сазовори таҳсини ширкаткунандагони ин чорабинии идона гардид. Дар ниҳояти чорабинӣ директори гимназияи № 4, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали “Хизмати шоиста” Зулфия Ашӯрова ба сухан баромада, ба омӯзгори фанни забон ва адабиёди тоҷик Муҳибахон Раҳматова, омӯзгорони фанни таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ Зебохон Атаева, Фаридун  Мӯсинзода, омӯзгорони фанни суруд ва технология Роҳатҷон Умарова ва Мадинаи Маъруфӣ барои ташаббус ва роҳбарии бевоситаи онҳо барои омода намудани чунин як барномаи идонаи пурмазмун ҳамчунрн иштироки фаъолнаи хонандагон арзи сипос намуд.

Муфассал...

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:173
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:400
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:573
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6870
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4606675

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ