гузориш аз ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Дар Мактаби Президентии шаҳри Чкалов ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудирони маорифи шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва директорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар ҷаласаи сайёр вазъи таълиму тарбия ва сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад. Оид ба масъалаи баррасишуда муовини вазир Тоҷинисо Мамадова суханронӣ карда, вазъи таълиму тарбияро дар мактабҳои вилоят таҳлилу баррасӣ намуда, барои ислоҳи саривақтии камбудиҳо пешниҳод ва дастуру супоришҳо дод.
						
						
						
						

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2, шаҳри Хуҷанд ба ифтихори гиромидошти Рӯзи модар ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони «Модар-сарчашмаи бепоёни меҳр» баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд табрикоти Раиси шаҳрро қироат намуда, омӯзгоронро ба ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд 
Саидмухтор Ҷалолов таманниёт ва табрикоти хешро бо суханони Президенти кишвар: «Мо имрӯзро махсус чунин ном ниҳодаем, ки эҳтирому арҷгузории хосаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш – офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагию қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Яъне, дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад» ба иштирокчиёни ҷамъомад баён дошт.
							
							
							
							
							
							
							
							
							
							
							
							
							
							
							
					
							
							
					
















 
        