Бо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилияти фикрӣ, зеҳнӣ, тарбияи зебопарастӣ ва хештаншиносӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб озмуни «Донояк» дар кӯдакистони №14 бо ширкати ғолибони давраи аввал гузаронида шуд. Озмун аз рӯи шартҳои: саломнома ва қироати шеър, расмкашӣ бо ранги обӣ, мӯқалам, саволу ҷавоб ба тариқи тестӣ, рақс дар оҳанги миллии кӯдакона баргузор гардид.


Санаи 21 майи соли равон, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии супоридани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он ҳайати комиссияи озмуни стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои маркази вилоят ширкат намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд корҳои омодагиро барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2014-2015 оғоз намудааст.
















