Тибқи фармоиши шуъбаи маориф ва Низомномаи озмунҳои «Донояк», «Мураббии сол» ва «Мутахассиси ҷавони сол» дар байни муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузории озмунҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Озмуни «Донояк» ба мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилияти фикрӣ, зеҳнӣ, тарбияи зебопарастӣ ва хештаншиносӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб гузаронида мешавад.Озмун аз рӯи шартҳои: саломнома ва қироати шеър, расмкашӣ бо ранги обӣ, мӯқалам, саволу ҷавоб ба тариқи тестӣ, рақс дар оҳанги миллии кӯдакона баргузор мегардад. Даври аввали озмун дар муассисаҳои томактабӣ доир гашт ва даври ниҳоии он санаи 21-уми майи соли 2014 дар кӯдакистони №14 бо ширкати ғолибони давраи аввал гузаронида мешавад.


Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 05 майи соли 2014 «Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳи касбӣ, донишҷуёни коллеҷу мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд дар солҳои хониши 2013-2014» барои довталабон озмун баргузор гардид.
Соли ҳафтум аст, ки тибқи фармоиши шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар байни толибилмони хурдсол, босавод ва болаёқат олимпиадаи синфҳои ибтидоӣ баргузор мегардад. Дар толори бошукӯҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10 олимпиадаи синфҳои ибтидоӣ бо иштироки мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону хонандагон ҷамъбаст гардид.

















