Маркази ТИ ва К


Маркази технологияи информатсионӣ ва комуникатсияи назди шўъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, мувофиқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд (№684, аз 3 октябри соли 2008) таъсис дода шуд.
Мувофиқи Низомномаи фаъолият, яке аз мақсадҳои Марказ – мусоидат намудан ба тараққиёти технологии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, бо самаранок ва мақсаднок истифодабарии дастовардҳои технологияи муосир, баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон оиди малакаю маҳорати кор бо компютер мебошад.
Ҳамзамон, Марказ барои саривақт ва дар сатҳи баланд таъмиру тармим намудани таҷҳизотҳои компютерии муассисаҳои таълимии шаҳр, пешниҳоди ёрии методӣ ва амалӣ дар муайян намудани афзалиятҳои технологӣ низ хизматрасонии худро пешниҳод менамояд.
Бо ташаббуси директори Марказ ва дастгирии шӯъбаи маориф, таи чор сол инҷониб дар байни хонандагони синфҳои 9-11-и макотиби шаҳр озмуни «Компютердони беҳтарин» гузаронида шуда истодааст, ки ин гуна фаъолият дар дигар минтақаҳои вилояти Суғд амалӣ нашудааст.

Кормандони Маркази ТИ ва К:
Директор – Валиев С.С;
Сармутахассис - Солиева Д.;
Мутахассис - Усмонова Д.


Дар асоси Низомномаи фаъолият Маркази ТИ ва К-и назди шӯъбаи маориф, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълим омода аст,  бо ташкилотҳои давлатӣ, байналхалқӣ, ҷамъиятию тиҷоратӣ ҳамкории судманд барпо намояд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:88
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:216
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:304
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1710
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5289
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4596650

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ