Субҳи имрўз дар тамоми макотиби шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ чорабиниҳои идона бахшида ба Рўзи дониш ва дарси Сулҳ оғоз гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва  муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, хонандагон ва омўзгоронро бо соли нави таҳсил табрику таҳният гуфтанд.

Анвар Яъқубӣ, зимни ироаи номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, аз ҷумла изҳор дошт, ки тантанаҳои баргузории Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат қарор доштани илму маориф ва донишу маърифат мебошад, зеро маориф пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрӯзу фардои мамлакатамон бо он алоқаи ногусастаниву қавӣ дорад”.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд муҳассилин ва омўзгоронро бо Рўзи дониш таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки ғамхориҳои рўзафзуни Ҳукумати мамлакат, хосатан Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси  вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  нисбат ба соҳаи маориф, беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои мусоиди таҳсил тавассути бунёди таълимгоҳҳои нав, таъмиру тармими бинои мактабҳо, бо таҷҳизоти техникии навтарин таъмин намудани онҳо аз ин шаҳодат медиҳад.

Басо рамзист, ки оғози соли нави таҳсил дар остонаи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки насли наврас ва ҷавон бо ифтихор аз шуҷоату мардонагии аҷдодони худ бо ҳисси баланди худогоҳию худшиносии миллӣ ва ватандўстию ватандорӣ минбаъд низ пояҳои бинои мўҳташами Истиқлол ва сулҳу суботро устуворӣ ва таҳким мебахшанд. Бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардаи давлат хуб таҳсил карда, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудан азму талош менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки имрўз дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат Дарси нахустин бо дарси Сулҳ оғоз гардида, чун анъана суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи оинаи нилгун намоиш дода шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар толори замонавӣ ва барҳавои он доир ба бурду бохти соҳаи маориф суханронӣ ва бо устодону донишҷўёни ин муассисаи олӣ мулоқоти озоду самимӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба макотиби Тоҷикистон имсол беш аз 200 ҳазор нафар ба синфи 1-ум мераванд. Дар айни замон дар мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128 827 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.

 

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:28
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:251
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:28
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:3020
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9345
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4609150

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ