Дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷамъбастии Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва иштирокчиёни Олимпиадаи байналмилалӣ ширкат намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар Олимпиадаи мазкур 27 дастаи олимпии наврасон бо иштироки 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Ҳамзамон, наврасони кишварҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-ланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ дар кори он ширкат варзиданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хусусан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷараёни ташкил ва баргузории олимпиадаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои дар сатҳи баланд доир шудани он тамоми шароит фароҳам овардаанд.

Инчунин дар давоми баргузории Олимпиада аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ барои роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ва масъулини баргузории олимпиадаҳои фаннӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он семинару тренингҳои омӯзишӣ доир карда шуд.

Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон  аз  1 то 7 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» муассисаи таҳсилоти иловагие мебошад, ки яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти он, ин дарёфту рушди истеъдоди хонандагон ва ташкилу баргузории олимпиадаву озмунҳои зеҳнӣ ба ҳисоб меравад.

Дар олимпиадаи номбурда  3 дастаи наврасони вилояти Суғд низ ширкат варзида,  аз бахшҳои "Estafetta" ва "Marathon"   сазовори 20 медалу дипломҳо гардиданд. Инчунин медал барои беҳтарин иштирокчӣ дар байни хурдсолон сазовор гаштанд.

 

маълумот аз сомонаи Радиои “Садои Душанбе” -гирифта шудааст

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:62
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:96
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:62
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1277
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:347
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:7725
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4470287

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ