Директори гимназияи №4 Зулфия Ашӯрова барои баргузории мулоқоти кушоду судманд ба меҳмонон изҳори сипосмандӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ин чорабинӣ барои тарбияи насли наврас дар боло бурдани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии хонандагони ин боргоҳи илм замина мегузорад.Дар вохӯри филми мустанад бо номи “Пушаймони дар Сурия” намоиш дода шуд. Дар филми номбурда зиндагии талх ва пушаймонии ҷавонону занони гумроҳгардида намоиш дода шуд, ки ҳозирон аз навори тамошокардаи худ мутассир шуданд. Бо мақсади пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои зиддидавлатӣ ва террористӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд нақша-чорабинии махсусро таҳия намудааст,ки тибқи он дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва маърифатию фарҳангии маркази вилоят мулоқоту сӯҳбатҳои озоди хонандагону омӯзгорон бо масъулини сохторҳои қудратӣ, муассисаҳои динӣ ва идораи маориф баргузор мегардад. Дар доираи чунин як нақшаи тасдиқгардида дар  гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии хонандагон бо намояндагони шӯъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, Прокуратура, Шӯрои уламои дини вилояти Суғд ва идораи маорифи шаҳр гузаронида шуд.  Мулоқоти  самарабахш дар гимназияи № 4Чорабинӣ ба мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгиро, мубориза бо экстремизм ва тероризм” бахшида шуда дар он меҳмонон Меҳроб Маҳмудов, Орифҷон Байзоев, Мақсад Қодирова Эваш Эшонов Далер Аҳмадов ва дигарон баромад намуда бобати хатарҳои мавҷуда ва нияти нопоки саркардаҳои гурӯҳҳои экстремистию террористӣ баромад намуданд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:129
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1382
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5354
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605159

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ