Дар мавзеи зебоманзари лагери «Парвоз» барои истироҳату фароғати  хонандагони болаёқату соҳибистеъдоди шаҳри Хуҷанд басти дуввум оғоз гардид.

Маҳз тибқи нақшаи Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд беҳтарин хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимӣ - ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, ғолибони озмунҳои «Академияи хурди илмҳо»,  «Техникони наврас» ва хонандагони болаёқату соҳибистеъдод, ки теъдодашон 141 нафарро ташкил медиҳад, дар ин баст ба таътилу фароғат ҷалб карда шуданд.

Бо ибтикори Марказ беҳтарин мураббияҳо: олимони ҷавон, устодони донишгоҳҳои вилоят, донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони соҳибтаҷриба бо барномаҳои зеҳнӣ, варзишию ҷисмонӣ ва фароғатию истироҳатӣ барои истироҳати толибилмон тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуданд.

Бо ибтикори соҳибистеъдодон барномаи рангини адабию фарҳангӣ таҳти унвони «Парвози истеъдодҳо» намоиш дода шуд, ки хонандагон бо сурудҳои дилнишини ватандӯстона, рақсҳои мавзун, қироати шеърҳо, навохтани асбобҳои гуногуни мусиқӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонданд.
Дар ифтитоҳи басти дуввуми лагери фароғатию истироҳатии «Парвоз» муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов иштирок ва суханронӣ карда, барои истироҳати бофароғат бо хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд барору комёбиҳо таманно карданд.

Мавриди зикр аст, ки ба табрики толибилмони соҳибистеъдод овозхони шинохта Ғолибҷон Юсупов ташриф оварда, бо сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида гардонд. Толибилмон дар лагери «Парвоз» муддати 12 рӯз ба тариқи ройгон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд истироҳату фароғат хоҳанд кард.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:33
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:220
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1211
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1473
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:1038
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:6833
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4771509

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ