Санаи 5 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ду нафар хатмкардаи мактабҳои шаҳри Хуҷанд - Нафиса Мирзоҷамшедзода аз Гимназияи "Гёте" ва Хуршед Бобоҷонов аз муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Рустамов» Шаҳодатномаи аъло ва медалҳо супурда шуданд.

Шаҳодатнома ва медалҳоро ба толибилмони беҳтарини вилояти Суғд Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ супорид.

 

Бояд гуфт, ки имсол дар қаламрави кишвар 86 нафар довталаб барои гирифтани медалҳои ифтихорӣ дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қувваозмоӣ намуданд ва танҳо 7 нафар аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шуданд, ки 5 нафар аз шаҳри Душанбе ва ду нафарашон аз вилояти Суғд мебошанд. Ҳамин тариқ Нафиса Мирзоҷамшедзода ба гирифтани медали тилло ва Хуршед Бобоҷонов ба гирифтани медали нуқра сазовор гардиданд.Соли гузашта миқдори медалистҳо 14 нафарро ташкил дод, вале ягон нафар сазовори тилло нашуд. Имсол бошад, се нафар сазовори медали тилло ва 4 нафар соҳиби нуқра гардиданд.Роҳбари вилоят медалистҳоро бо ин комёбиашон таҳният гуфт ва онҳоро ифтихори маориф ва илми вилоят номид. Изҳори умед карда шуд, ки онҳо минбаъд низ таҳсили шоиста мекунанд ва дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол чун мутахассисони кордон саҳми муносиб мегузоранд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин ба волидайни толибилмон барои тарбияи фарзандони нек изҳори ташаккур намуд.
Толибилмони беҳтарин ҳамзамон бо туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раиси вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:240
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1969
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5941
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605746

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ