Тибқи фармоиши шуъбаи маориф ва Низомномаи озмунҳои «Донояк», «Мураббии сол» ва «Мутахассиси ҷавони сол» дар байни муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузории озмунҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Озмуни «Донояк» ба мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилияти фикрӣ, зеҳнӣ, тарбияи зебопарастӣ ва хештаншиносӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб гузаронида мешавад.Озмун аз рӯи шартҳои: саломнома ва қироати шеър, расмкашӣ бо ранги обӣ, мӯқалам, саволу ҷавоб ба тариқи тестӣ, рақс дар оҳанги миллии кӯдакона баргузор мегардад. Даври аввали озмун дар муассисаҳои томактабӣ доир гашт ва даври ниҳоии он санаи 21-уми майи соли 2014 дар кӯдакистони №14 бо ширкати ғолибони давраи аввал гузаронида мешавад.

Озмуни «Мураббии сол - 2014» ба мақсади дарёфти мураббияҳои беҳтарин, эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш идома дорад. Озмун дар чаҳор давра гузаронидашуда, дар даври шаҳрии он беҳтарин мураббияҳо аз рӯи шартҳои: машғулияти намунавӣ дар гурӯҳи кӯдакони ношинос, санҷиши тестӣ аз психология ва педагогикаи томактабӣ, ҳисоботи эҷодии мураббиён, тасвир намудан ва буридани нақшунигори миллӣ, нақшофарӣ ё хониши адабӣ ҳунару истеъдоди хешро намоиш медиҳанд.
Даври ниҳоии озмун санаи 22.05.2014 дар гимназияи №24 баргузор мегардад.

Озмуни беҳтарин «Мутахассиси ҷавони сол» барои ҳидояту роҳнамоии омӯзгорони ҷавон ба таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ҳамасола гузаронида мешавад. Дар даври аввали озмун, ки моҳи феврали соли равон баргузор гардид, аз рӯи шарти кор бо компютер ва тахтаи электронӣ 33 нафар мутахассисони ҷавон ва дилбохтаи касби хеш иштирок карда, 12 нафар ба даври дигар роҳхат гирифтанд. Аз санаи 14 то 16-уми майи соли равон гузаронидани дарсҳо аз тарафи мутахассисони ҷавон идома дорад. Даври ниҳоии озмун охирҳои моҳи май аз рӯи шартҳои: муаррифии корҳои эҷодӣ ва саволу ҷавоб гузаронида мешавад.
Ба фаъолияти иштирокчиёни озмунҳо ҳайати бонуфузи ҳакамон баҳои воқеӣ дода, ғолибонро муайян хоҳанд кард.
Нуъмон Раҷабзода

 

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:89
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:216
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:305
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1710
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5290
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4596651

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ