Дар ибтидои асри XX мисли дигар шаҳрҳои кишвар ҳаракатҳо барои ташкили мактабҳои типи нав бо ном «Усули ҷадид» пайдо шуданд. Тахминан соли 1912 аввалин мактаби типпи навро дар шаҳри Хуҷанд сокини шаҳри Тошканд Юсуф Муллохон Муҳамадов ташкил кард. Хатмкардаи ин мактаб, зодаи маҳалли Гузари Маддоҳо Ҳасанхон Эшонов боз як мактаби дигарро дар хонаи худ кушод. Дар ҳамон солҳо боз як мактаби типи нав Ҳоҷӣ Ҳусайни Роҷӣ донандаи фанҳои математика, география ва нуҷум фаъолият мебурд. Ин мактаб дар маҳаллаи Намозгоҳ ҷойгир шуда буд. Аз рӯи маълумотҳои ба қайдгирии солҳои 1927-1928 фақат 42 мактаб бо фарогири 578 хонанда ба қайд гирифта шудааст.

Дар солҳои 80-90 уми асри XIX дар шаҳри Хуҷанд 38 мактаб амал мекард, ки дар он 440 нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Дар мактабҳо таълим 5-6 сол давом мекард. Таълим бо азхудкунии якчанд шеърҳои Хоҷа Ҳофиз ба охир мерасид.

Якумин мактаби русӣ – туземӣ, баҳори соли 1895 кушода шуда буд. Вай дар наздикии конселярияи уезди Хуҷанд (ҳозира гимназияи №1) ҷойгир шуда буд. Ин мактабро сармутахассиси омӯзишгоҳҳои Туркистон В. Ф. Керенский кушод. Мактаб аз ду синфҳои алоҳида (русӣ ва миллӣ) иборат буд. Хониш дар чунин мактабҳо он давра барои аҳолӣ ниҳоят вазнин буд. Баъзе вақтҳо хонандагонро шахсони бемаърифат мезаданд ва сангкӯбӣ мекарданд.

Дар солҳои 1897 -1898 мактаби русӣ – туземмиро ду нафар тоҷик Бурҳонхӯҷа Комилхӯҷаев ва Маткарим Собиров хатм карданд. Дар соли 1910 дар мактаб 50 хонанда, дар соли 1915 - 144 хонанда мехонданд. Дар байни хатмкунандагони ин мактаб шахсони барӯманди шаҳри Хуҷанд Абдулло Раҳимбоев, Муҳидин Хӯҷаев, додарон Аҳмадбек ва Бобобек Мавлонбековҳо, М. Ҳасанов, Р Отабеков, Х. Умаров ва А. Азимов, муаллимони мактаби русӣ – туземӣ, Бурнашев, Осипов ва Алимаҳмад Атабоев буданд .

Бо пойдоршавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Хуҷанд мубориза баҳри иҷрои қонун «Барои ташкили мактабҳои нави демократӣ» равнақ ёфт. Ин корро СНО, ки 28 апрели соли 1918 аз тарафи намояндагони коргарӣ ва аскарии шаҳри Хуҷанд ташкил карда буд, дар ӯҳда дошт. Якумин коммисари маорифи халқи уезди Хуҷанд Андреев М. С. буд. Фаолияти якумин мактабҳои давраи иттиҳодияи Шӯравӣ дар давраи ниҳоят мушкил ба роҳ монда шуда буд. Дар он давраҳо биноҳои мактабӣ маблағҳои зарурӣ ва мутахассисони омӯзгорӣ намерасиданд. Солҳои 1918-1919 якумин китобҳои тарҷумавӣ ба забонҳои русӣ ва тоторӣ чоп шуданд. Дар Самарқанд аввалин алифбои тоҷикӣ аз чоп баромад.

26 декабри соли 1919 аввалин мактаби шӯравӣ дар шаҳр кушода шуд. Нахустин мактаби ибтидоии тоҷикӣ дар ҳавлии Бобораҳим Оқсаққол соли 1922 кушода шуд. Аввалнн мактаби дорои бино ва синфхонаҳои махсус соли 1924 ба кор сар мекунад. Аз соли1930 мактаб номи А. С. Пушкинро гирифт. Дар солҳои аввал 400 нафар ҷавонон бо забонҳои тоҷикию русӣ таълим мегирифтанд.

Баҳори соли 1921 дар уезди Хуҷанд 67 мактаби тоҷикӣ ва узбекӣ бо миқдори 3000 хонанда ба ҳисоб гирифта шуда, ба он 141 нафар муаллимон фаъолият мебурданд. Дар Хуҷанд ва шаҳракҳои атрофии он марказҳои томактабӣ ташкилотҳои пионерӣ ва камсамолӣ ба вуҷуд омаданд. Инспектори комиссириати маорифи ҷумҳурӣ Г. Очилов дар санаи 17 майи соли 1925 дар машварати ҳизбии уезди Хуҷанд баромад карда, ваъияти маорифи шаҳрро таҳлил намуда қайд мекунад, ки «Муҳаббати халқ ба маориф меафзояд».

Дар байни чорабиниҳои иттиҳоди шӯравӣ дар соҳаи маорифи халқ ҷои асосиро таърихи мактабдории тамаддуни тоҷикон ва тайёр намудани мутахассисони нави омӯзгориро ташкил медиҳад.

Дар шароити Осиёи Миёна муаммои ниёз ба мутахасисони омӯзгорӣ ниҳоят тезутунд буда, барои ҳал намудани ин муаммо аҳамияти ҷиддӣ лозим буд.

Аз ин лиҳоз вазифаи аввалиндараҷаи он давра барои бо тезӣ таӣёр намудани мутахассисони омӯзгорӣ – ин ташкил намудани курсҳои тайёрии кӯтоҳмуддати омӯзгорӣ буд.

Дар солҳои 20-ум курсҳои баланбардори такмили ихтисоси муаллимон дар шаҳри Самарқанд ба амал оварда мешуданд. Муаллимонро барои мактабҳои шаҳри Хуҷанд, донишгоҳҳои педагоги шаҳрҳои Самарқанд Тошканд ва Фарғона тайёр мекарданд.

Дар давраи таъсисёбии якумин мактабҳои Иттиҳодияи Шӯравӣ дар Хуҷанд равнақёбии маорифи халқ ва комёбиҳои инқилоби маданӣ дар шаҳр муаллимони зерин саҳми босазои худро барои рушду равнақи маорифи халқи он давра гузоштанд: Абдулло Рахимбоев, Шарифҷон Раҷабов, Ҳоҷихон Умаров, Мӯмин Хӯҷаев, Ҳасанхон Ишанов, Раҳим Ҷалил, Раҳматоллобек Отабеков, Муҳаммадҷон Ҳасанов (дар оянда ҷонишини маорифи халқии ҷумҳури), Қорӣ Ғафур Очилӣ, Ҳафиза Солиева, Н.И.Волошин, Юнус Ҳусейнов, П.К.Смирнов, Н.К Сербулов, Каромат Собитова ва дигарон.

Дар моҳи июни соли 1927 бюрои иҷроиявии комитети ҳизбии округи Хуҷанд дар бораи махкам кардани мактабҳое, ки бо методҳои кӯҳна кор мебаранд, қарор қабул карда шуд. Худи ҳамин сол ҳамаи мактабҳо ба алифбои лотинӣ гузаштанд. Дар анҷумани якуми ҳизби каммунистии Тоҷикистон, ки моҳи июни 1930 барпо гардида буд, ба масъалаи маорифи халқ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Моҳи июни соли 1931 дар президиуми комитети иҷроиявии шаҳри Хуҷанд ва октябри ҳамин сол дар пленуми навбатии кумитаи ҳизбӣ қарор дар бораи 100% ба таълим ҷалб намудани бачагони синни мактабӣ қабул карда шуд. Дар охири панҷсолаи дуюм дар шаҳр ва ҳудуди он 65 мактаб, бо миқдори 17 500 хонанда фаъолият мебурданд. Яке аз ҷабҳаҳои асосии маорифи халқии он давра барҳам додани бесаводии аҳолии калонсолон буд. Асоси онро қонуни кумитаи иттиҳодияи шӯравии халқи Руссия дар бораи барҳам додани бесаводӣ гузошта буд.

Бо ташаббуси В.И.Ленин барои роҳбарӣ намудан ва барҳам додани бесаводӣ комиссияи фавқулъодаи умумироссиягӣ таъсис дода шуда буд. Ба ин мақсад Ҳукумат маблағҳои заруриро равона карда буд. Дар солҳои 20-ум дар Хуҷанд якчанд мактабҳо барҳам додани бесаводӣ фаъолият мебурданд. Дар соли хониш 1931-32 дар чунин мактабҳо зиёда аз 16000 нафар калонсолон аз онҳо 4334 нафар занҳо мехонданд .

Дар солҳои 30-юм гурӯҳҳои зиёди камсомолӣ, коргари педагогӣ, аз донишгоҳҳои педагогӣ ва хоҷагии шаҳри Хуҷанд ба мактабҳои ноҳияи ҷануби Тоҷикистон – Тавилдара, Қалъаи Хум, Шӯробод, Ҳаид Янги Бозор, Балҷувон, Ховалинг, Дарвоз барои ёрӣ расонидан дар мубориза баҳри барҳам дадани бесаводӣ сафарбар карда шуда буданд. Дар Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофии он дар солҳои 1936-37 тахминан 14 000 нафар одамон аз курсҳои кӯтоҳмуддати барҳам додани бесаводӣ гузашта, саводнок шуданд ва бо ҳамин ба бӯҳрони бесаводӣ хотима ёфта шуд.

Дар солҳои панҷсолаи то ҷангӣ дар шаҳр 7 мактабҳои ибтидоӣ, 8 мактаби миёнаи нопура ва 5 мактабҳои миёна амал мекарданд. Дар солҳои ҷанги бузурги Ватанӣ ҷомеаҳои омӯзгории мактабҳои шаҳри Хуҷанд баҳри ғалаба бар душман ҳиссаи босазои худро гузоштанд.

Дар солҳои панҷсолаи 4-ум дар шаҳр вазифаи аввалиндараҷа ба таълими ҳатмӣ фаро гирифтани бачагони синни мактабӣ буд. Диққати асосии Ҳукумат ба зиёд кардани шумораи мактабҳо миқдори хонандагон ва баланд бардоштани сатҳи дониш равона карда шуда буданд.

Агар дар соли хониши 1946-1947 дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд 5589 нафар хонандагон меходанд, аллакай дар соли хониши 1950 -51 дар 16 мактабҳои таҳсилоти умумӣ 7945 хонандагон таҳсил мекарданд. Миқдори духтарони маҳаллӣ, ки ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, 1,55 % зиёд шуданд.

Мактаб – интернатҳое, ки дар солҳои ҶБВ ташкил карда шуда буданд, фаъолияти худро дар солҳои баъди ҷангӣ давом доданд. Дар солҳои 1950 миқдори мактабҳои коргарҷавонон зиёд карда шуд.

Дар солҳои хониши 1957-58 дар шаҳр 16 мактабҳои миёна, 2 шабона ва 1 ғоибона фаъолият мебурданд .

Мактаб – интернати №1 шаҳри Хуҷанд 10 апрели 1959 ташкил карда шудааст, дар солҳои аввал таъмин дар бинои мактаби ҳафтсолаи №7 гузаронида мешуд. Пас аз бино ёфтани иморати комплекси худи он амал мекунад. Дар соли аввал шумораи хонандагон ба 300 нафар расида буд. Аз нақли аввалин директори он аълочии маорифи ҷумҳурӣ ва СССР Лутфулло Азизов дар солҳои аввали фаъолияти худ душвориҳои зиёд дар пеш буд. Дар 10 гурӯҳ 10 нафар мурабиён роҳбарӣ мекарданд. Ба ҳар як хона, синф барои дастайёркунӣ, хонаи дамгирӣ вобаста карда шуд. Дере нагузашта интернат соҳиби устохонаҳои либосдӯзӣ, дуредгарӣ, маҳфили ҳаваскорон мегардад. Мудири қисми илмии он Зунунхӯҷаев Н., Мавлонов Г., Султонов И., Алиев Ф., Баянов М., дар солҳои авали кор дар интернат хизмати шоиста карданд.

Дар солҳои панҷсолаи шашум дар сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумии типи нав шурӯъ карданд. Дар баланд бардоштани маъорифи халқ қонун «Дар бораи мустаҳкамкунии алоқаи мактаб бо ҳаёт ва баланд бардоштани маълумоти халқӣ дар СССР» аҳамияти калон дошт.

Интернати махсус бо барномаи аниқи таълими забони русӣ ва тарбияи ҷисмонӣ соли 1984 дар бинои собиқ мактаб – интернати №2 соҳили дарёи Сир ташкил карда шуда буд. Дар он 260 нафар хонандагон аз гӯшаю канорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ таҳсил мекарданд. Ба онҳо аз 20 нафар афсарону омӯзгорон таълиму тарбия медоданд. Дар ин давра дар шаҳр 27 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 литсей ва 2 мактаб – гимназия, мактабҳои тиҷоратӣ ва хусусӣ мавҷуд буданд. Дар онҳо 3200 нафар хонандагон таълиму тарбия мегирифтанд. Инчунин дар шаҳр 35 боғчаи бачагона, 11 муассисаҳои беруназмактабӣ амал мекард. Дар муассисаҳои маорифи шаҳр зиёда аз 5000 кормандон кор мекарданд. Дар мактабҳои шаҳр 1800 нафар омӯзгорон, ки 85% дорои маълумоти олӣ мебошад, фаъолият мебурданд. Дар байни онҳо 13 нафар дорандаи нишони «Аълочии Маорифи Тоҷикистон» зиёда аз 200 нафар мукофоти давлатӣ доштанд.

Якумин боғчаи бачагона соли 1921 ташкил карда шуда буд, дар он 30 нафар кӯдакон тарбия мегирифтанд. Аз соли 1959 дар Хуҷанд якумин боғчаҳои бачагонаи бо гурӯҳи хурдакон (яслӣ) пайдо шуданд. Дар соли 1988 миқдори боғчаҳои бачагона ба 54 адад расид, ки 15 000 кӯдаконро ба тарбия фаро гирифта буд. Дар боғчаҳо гурӯҳҳои шабонарӯзӣ амал мекард. Дар муассисаҳои томактабӣ 1675 нафар мурабиён фаъолият мебурданд.

Дар айни ҳол шумораи умумии мактабҳо 47 адад буда, аз онҳо мту -25, гимназия -4, литсейҳо -4, мактабҳои хусусӣ - 11, мактаб –интернат -1 ҳамагӣ 31651нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Шумораи умумии омӯзгорон 2154 нафар буда, аз онҳо 1856 нафар занҳо ташкил мекунад.

Дар шаҳри Хуҷанд 30 муассисаи томактабӣ як комплекс кӯдакистон-мактаб барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобино ва 2 кӯдакистони хусусии «Дилоро» ва «Раҳматулло» фаъолият мебарад. Теъдоди кӯдакон 7524 нафарро ташкил медиҳад.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:121
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:216
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:337
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1710
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5322
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4596683

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ