Литсейи физикӣ – математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз муасссисаҳои пешқадам ва намунавии шаҳри Хуҷанд арзёбӣ гардида, хатмкунандагони он дар гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он дар рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти соҳаҳои мухталиф саҳм гузошта меоянд.

Соли таҳсили 2021 – 2022 литсейи физикӣ – математикии №1 ба номи академик М.Осимӣ – ро 107 нафар (аз ҷумла 41 нафар духтарон) синфи 11 –умро хатм намуданд. Ҳамаи хатмкунандагон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тариқи маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудаанд. Бо баробари ин барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои бурунмарзӣ низ имтиҳони дохилшавӣ супориданд, ки аз онҳо 41 нафарашон барои гирифтани номи донишҷӯӣ ба Донишгоҳи физикӣ – техникии шаҳри Маскав, Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Маскав ба номи Бауман, Донишгоҳи технологияи информатсионӣ, механика ва оптикаи шаҳри Санкт Питербург, Донишгоҳи химико – технологии ба номи Д.И. Менделеев, Донишгоҳҳои энергетика ва иқтисодии шаҳри Маскав, Донишгоҳҳои техникии шаҳрҳои Уфа, Стамбул ва Амрико мушарраф гардиданд.

Соли таҳсили ҷорӣ дар Олимпиадаи шаҳрӣ хонандагони синфҳои 5 – 11 иштирок варзида 48 нафар барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ва 3 нафар Сипоснома сарфароз гардиданд. Дар Олимпиадаи вилоятӣ бошад, 32 нафар соҳиби ҷойҳои 1,2 ва 3 гардиданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 28 нафар ҷойҳои 1,2, 3 ва 2 нафар соҳиби Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд. Иштироки хонандагон дар Олимпиадаҳои байналхалқӣ низ назаррас аст. Аз ҷумла, 2 нафар (ҷои 3 ва Ифтихорнома) Олимпиада аз фанни математика ( аз тарафи Анталия гузаронида шуд), 2 нафар Олимпиадаи Ҳиппо, 3 нафар (ҷои 3) Олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ (Висшая школа экономики), 1 нафар (ҷои 2 Олимпиадаи КОТЕХ) ва як нафар дар Олимпиадаи Teenegle соҳиби ҷои якум гардиданд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:133
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:484
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1311
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7608
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4607413

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ