Дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки аҳли илму маърифат ва фаъолони шаҳр конфронси илмӣ –амалӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-таҳкимбахши Ваҳдати милии тоҷикони ҷаҳон» баргузор гардид.

 

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода конфронсро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид намуд, ки шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ бо зиндагӣ ва амали неки худ дар сарнавишти ҳар як халқу кишвар нақши равшан гузошта, гузаштаи пурғановати халқу миллати хешро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, роҳи имрўзу фардоро чун машъали фурўзон нурафшонӣ мекунанд. Дар ин ҷода шахсияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи барҷаста ва маъруфи сиёсии арсаи байналмилалӣ дорои нақшу мақоми хос мебошад. Аз ҷиҳати мустаҳкам шудани пояҳои Истиқлолият ва рукнҳои давлатдории тоҷикон, рушду нумуъ ёфтани тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Дар таърихи навини халқи тоҷик дастовардҳои истиқлолияти кишвар ва амалҳои бунёдкоронаи ин шахсияти бузург бо ҳамдигар иртиботи ногусастанӣ дорад.

Дар ҷараёни кори конфронс ҳамчунин раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, собиқадори хизмати давлатӣ, профессор Назира Ғаффорӣ ва иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорхон Муҳиддинов бо маърўзаҳои илмӣ-оммавии худ доир ба мавзуъи конфронс андешаҳои хешро баён доштанд.

Таъкид шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳам Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Пешвои сарнавиштсоз ва сарҷамъкунандаи тоҷикон мебошанд. Ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин марди бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргириҳои дохилӣ раҳоӣ ёфта, имрўз чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон ҷой гиифта, онро тамоми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ба шарофати сиёсати ин абармарди сарнавиштсози милат саҳифаи нав дар таърихи давлатдории тоҷикон кушода шуд.

Сипас, аз ҷониби Алишер Ашўрзода, табиби ҷавон, муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муроҷиатномаи иштирокчиёни конференсияи илмӣ-амалии « Эмомалӣ Раҳмон – таҳкимбахши Ваҳдати миллии тоҷикони ҷаҳон» ироа намуда, аз ҷумла зикр шудааст, ки : “Мо, иштирокдорони конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – таҳкимбахши Ваҳдати миллии тоҷикони ҷаҳон», ба хидматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем ва ба ин ҳақиқати бебаҳс, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллии тоҷикон дар тақдири халқу миллатҳои ин сарзамин аҳамияти бузург дорад, эҳтиром мегузорем.

Мо, иштирокчиёни конфронси илмӣ-амалӣ дар соли барои халқу миллат таърихӣ - таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва бо назардошти хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории навин, нақши арзанда дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми кишвар аз мақомоти олии қонунгузори мамлакат даъват ба амал меоварем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дуввум бо унвони олии Ватан - “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонида шаванд.

Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷовидон бод, Тоҷикистони ободу озоди мо!

Бо ҷонибдории ин пешниҳоди судманд ба конфронс ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:52
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:79
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1105
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1811
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7901
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4599262

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ