Дар толори маҷлисгоҳи Донишкада бо иштироки ҳайати васеи профессорон, устодон, донишҷӯён ва кормандони муассиса бахшида ба таҷлили 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Конфронсро директори Донишкада, доктори илми иқтисод, профессор Иномҷон Аминов ифтитоҳ карда, оид ба аҳамият, ҷабҳаҳои омӯзиш ва ҳифзу гиромидошти Ваҳдати миллии тоҷикон, ки санаи 27-уми июни соли 1997 бо ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омадааст, ибрози андеша намуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Каримов М. табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файзро ба аҳли Донишкада иброз намуд. Номбурда перомуни аҳамияти Р=зи Ваҳдати миллӣ фикрронӣ карда, дар ин раванд хизматҳои шоён ва бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шоистаи таҳсин ва арҷгузорӣ арзёбӣ намуд.

Сипас, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Расулҷон Солиҷонов дар мавзӯи “Ваҳдат-пояи Истиқлолият” маърӯзаи илмӣ намуд. Дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкада, номзади илмҳои фалсафа Турсунов Фаррух оид ба ягонагиву муттаҳидии миллати тоҷик бо мавзӯи “ Нерӯи халқ дар ягонагист” суханронӣ карда, андешаҳои ҷолиб иброз намуд.

“Нерӯи миллат дар Ваҳдат аст” чунин унвон дошт маърӯзаи донишҷӯи курси 2-юми донишкада Дилшод Атабоев, ки ӯ андешаҳои хешро дар доираи ҷонибдори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва сиёсати бохирадонаи пешгирифтаи Пешвои миллат будани ҷавонони мамлакат, иброз дошт.

Устодони Донишкада Шамсиддинов А. ва н.и.и, дотсент Темир Дадобоев, ки шоҳидони воқеии ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш дар Тоҷикистон буданду даҳшату ваҳшонияти онро бо чашми сар дидаанд, аз он солҳо қиссаҳои ибратомӯз барои насли ҷавон ҳикоя карданд. Эшон аз оромиву осоиштагии кишвари маҳбуб Тоҷикистон шукргузорӣ карда, ҷавононро барои ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуданд.

Ҳамин тариқ конфронс дар сатҳи баланди илмиву маърифати баргузор гардида, бо хотираҳои нек анҷом пазируфт.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:298
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2027
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5999
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605804

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ