Басти якуми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи кўдакону наврасон - «Парвоз» бо фарогирии 150 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор ба фаъолият шурўъ кард. Дар рўзи кушодашавии истироҳатгоҳи  беруназшаҳрии «Парвоз» муовини  раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Бурҳонзода Муродӣ, мудири шўъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Султонов И.И., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Хуҷанд Дадобоев Ғ.Ҷ., намояндагони шуъбаи маориф ва волидайни истироҳаткунандагон иштирок доштанд.

Сараввал сармураббияи истироҳатгоҳ Тошматова Саодат муждаи  сардорони дастаҳоро қабул намуд. Сипас муждаи сармураббияи урдугоҳ ба сардори истироҳатгоҳи «Парвоз» Камолов Муқим расонида шуд.

Баъд аз расонидани мужда Парчами иттиҳодия дароварда шуда, аз ҷониби истироҳаткунандагон Суруди миллӣ хонда шуд. Сардори истироҳатгоҳ чорабиниро кушода гуфта, меҳмононро муаррифӣ намуда, сухани табрикотиро ба муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ дод. Муовини Раиси шаҳр таманниёт ва шодбошиҳои Раиси шаҳрро ба самъи ҳозирин расонда, ба истироҳаткунандагон фароғати хуш таманно кард.

Баъд аз баровардани парчами иттиҳодия қисми дуюми чорабинӣ оғоз гардид. Дар он аз ҷониби истироҳаткунандагон барномаи ниҳоят рангину хотирмон намоиш дода шуд, ки ба ҳамагон хеле писанд омад.

Мавриди зикр аст, ки чор хобгоҳи истироҳатгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ҷои хоби истироҳаткунандагон бо рўйпушҳои тозаву озода пўшонида, деворҳои он бо ҳамагуна овезаҳову гуфторҳо, расмҳои кашидаву гулҳои сохташуда ороиш дода шуданд. Ҳамаи хобгоҳҳо барои қабули кўдакону наврасон ҳамаҷониба омода карда шудаанд. Инчунин таъмири ҷории пункти тиббӣ, ҳуҷраи оббозӣ, ҳоҷатхона, ошхона, майдончаҳои варзишӣ, саҳнаи истироҳатгоҳ ва ҳавзи оббозӣ низ ба охир расид.

Барои дар сатҳи баланд омода намудани истироҳатгоҳ, таъмин бо маводи ғизоӣ ва фароғати хонандагон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд 60 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин имкон дод, ки истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» саривақт ҳамаҷониба барои қабули хонандагон омода гардад ва ҳамаи  шароит барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани он муҳайё карда шавад.

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:321
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1574
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5546
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605351

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ